масъала

масъала
[مسئله]
а
1. қазийя ва матлабе, ки омӯхтан ва ҳал карданро талаб мекунад, мавзӯи ҳалталаб, мушкила
2. мавзӯе, ки мавриди баҳсу музокира аст, мабҳас; матлаб; гап: масъалаи муҳим, масъалаи мушкил; масъаларо муҳокима кардан, ба умқи масъала расидан, дар болои масъалае баҳсу мунозира кардан
3. супориш, вазифае, ки барои ҳал кардан ба талабаю донишҷӯён дода мешавад: масъалаи ҳисоб, масъалаи риёзиёт, масъалаи душвор, ҳалли масъала, масъаларо ҳал кардан; масъалаи асосӣ мавзӯи асосии баҳсӣ: масъалаи миллӣ маҷмӯи муносибатҳое (аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғ.), ки дар байни гурӯҳҳои миллӣ, халқият ва миллатҳои сохти муайяни ҷамъиятию иқтисодӣ мавҷуд аст; масъалаи оилавӣ кору шароити марбут ба оила; масъалаи рӯзномаи маҷлис (ҷаласа) мавзӯи мавриди баҳсу музокираи аҳли ҷаласа; дар масъалаи… оид ба мавзӯи…, дар мавзӯи…; масъала гузоштан // масъала мондан мавзӯеро барои ҳаллу фасл ба миён ниҳодан; масъалаеро дар пеши касе мондан, масъаларо қатъӣ мондан; масъала равшан шудан а) мавзӯи баҳс возеҳ шудан; б) гиреҳҳои мушкилот кушода шудан; масъалаеро тамом намудан баҳсро дар бораи чизе ба итмом расонидан; масъаларо кӯндаланг мондан масъаларо қатъӣ мондан, ҳалли қатъии мавзӯи баҳсро талаб кардан; масъаларо пазондан а) масъалаеро бо касе ҳал кардан, дар ҳалли масъалае ба як қарор омадан; б) касеро ба чизе розӣ кунондан; масъала ранги дигар гирифтан тағйир ёфтани мавзӯъ, дигаргун шудани мавзӯи баҳс; масъаларо яктарафа кардан дар коре ба як қарор омадан; баҳсу мунозираро дар мавзӯе хотима додан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Смотреть что такое "масъала" в других словарях:

  • гап — [گپ] 1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ 2. сухани беасос, лоф 3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап гап а) гуфтугӯ, чақ чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бардоштан — [برداشتن] 1. боло (баланд) кардан (чизеро аз замин); пардаро бардоштан пардаро кушодан (боз кардан); сар бардоштан а) сар боло кардан; б) маҷ. ба по хестан, шӯридан, исён кардан 2. нигоҳ доштан, қуввати нигоҳдорӣ доштан 3. ба даст гирифтан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • асл — [اصل] а 1. реша, бех; асос, моҳият; асли масъала моҳияти масъала 2. ҳақиқӣ, асил 3. зот, насл, насаб, авлод, нажод; аслу насаб нажод, насл, зоту зурриёт; аз асл ниг. дар асл; ба асли… ба худи…, ба моҳияти…; дар асли… дар нусхаи аслӣ…, дар матни… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • васеъ — [وسيع] а 1. кушод, фарох, паҳновар; муқоб. танг; паҳн; сербар; васеъ васеъ фарох фарох, кушод кушод; биёбони васеъ дашти паҳновар; остини васеъ остини фароху кушод; пешонаи васеъ пешонаи фарох, пешонаи калон; роҳи васеъ роҳи калон, роҳи сербар;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гиреҳ — [گره] 1. банд, уқда, ки дар натиҷаи бастани чизе пайдо мешавад: гиреҳ бастан, гиреҳро кушодан 2. кулӯлача ва лӯндачаҳое, ки дар решаи дарахтон пайдо мешавад 3. банд ва уқдаҳое, ки дар узви инсон ва ҳайвон мавҷуд аст; мафсил 4. чин, оҷинги пешонӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гузориш — [گزارش] 1. гузоштан, мондан, вогузор кардан, супоридан; гузориши масъала масъалагузорӣ, гузоштани масъала 2. баён, шарҳ; гузориши аҳвол баёни ҳол; гузориши илмӣ суханронии мухтасар доир ба мавзӯи баҳс дар маҳфили илмӣ 3. нав. навъи хабар бо… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • масъалагузорӣ — [مسئله گزاري] исми амал аз масъала гузоштан; барои ҷалби таваҷҷӯҳи умум ба миён ниҳодани мавзӯи гузориши масъала …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • мубоҳиса — (мубоҳаса) [مباحثه] а 1. баҳси чанд кас доир ба ягон масъала, изҳори фикр кардани чанд кас аз рӯи ягон масъала, муҳокимаи оммавӣ дар атрофи ягон мавзӯи баҳсталаб 2. мунозира, муноқиша (дар бораи чизе); мубоҳисаи илмӣ баҳси илмӣ, баррасии ягон… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҳалл — I [حل] а. кушодан, кушода шудан; бартараф кардан, файсал; ҳалли масъала файсал ёфтани масъала II [حل] а. об шудани чизе дар дохили чизе (мас., намак ё доруи хока дар об, хӯрок дар меъда) III [حل] а. хокаи зар (нуқра), ки бо он чизҳоро зарандуд… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷузъӣ — [جزئي] 1. мансуб ба ҷузъ 2. қисм, ҳисса, пора, майда, хурд, қисми ғайри асосӣ; муқоб. куллӣ; кори ҷузъӣ, қисми ҷузъӣ, ҷузъӣ ва куллӣ; маслиҳатҳои ҷузъӣ маслиҳатҳои оид ба майда чуйдаҳои масъалае; масъалаҳои ҷузъӣ масъалаҳои ғайриасосӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»